▶
Дар Тоҷикистон иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам барои духтарони 10 – 14-сола оғоз шуд.
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе машғулияти омӯзишию амалии серӯза барои рӯзноманигорон аз саросари кишвар баргузор шуд. Созмондиҳандагони он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буданд. Иштирокдорон на танҳо оид ба иммунизатсия дониши нав гирифтанд, балки дар бораи ваксинаи зидди вируси папилломаи одам – “Гардасил” низ маълумот дастрас намуданд.
Маъракаи иттилоотӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ҷараён дошт. 35 рӯзноманигор аз телевизион, радио, сомонаҳои иттилоотию таҳлилӣ ва нашрияҳои чопӣ зиёда аз 50 мавод дар бораи аҳамияти иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам таҳия ва нашр карданд.
