Паёми хонум Парвати Рамасвами бахшида ба Рӯзи модарон ва Рӯзи умумиҷаҳонии бонувон 2024

Паёми хонум Парвати Рамасвами бахшида ба Рӯзи модарон ва Рӯзи умумиҷаҳонии бонувон 2024

Рӯзи Модарон ва Рӯзи умумиҷаҳонии бонувон хуҷаста бошад! Ба шумо суханони хонум Парвати Рамасвамиро доири сармоягузори баҳри рушди занон ва духтарон пешниҳод менамоем. «Занони пешсаф иқтисодҳои шукуфонро пеш мебаранд. Далелҳо нишон медиҳанд, ки барҳам додани фарқиятҳои гендерӣ метавонад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ро ба ҳар сари аҳолӣ 20% афзоиш диҳад. Тахмин меравад, ки рафъи камбудиҳои мавҷуда дар хидматрасонии нигоҳубин ва васеъгардонии кори шоиста то соли 2035 тақрибан 300 миллион ҷойҳои кориро фароҳам меорад. Биёед ин Рӯзи байналмилалии занонро нуқтаи гардиш гардонем! Пешравии занон маънои пешрафт барои оилаҳо, ҷомеаҳо ва миллатҳои мост. Биёед якҷоя ба занон сармоягузорӣ кунем ва пешрафтро суръат бахшем. Бо сармоягузорӣ ба занон, мо метавонем тағиротро ба вуҷуд орем; суръати бунёди ҷаҳони солимтар, бехатартар ва барои ҳама баробартарро суръат бахшем». Хонум Парвати Рамасвами Ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ #IWD2024 #ShowUpForGirls #InvestinWomen #РӯзиБонувон