▶
Дар Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба шахсони аз БПНМ фавтида баргузор шуд
Оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ниҳодҳои давлатӣ, донорҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз чорабинии бахшида ба Рӯзи ёдбуди шахсони аз БПНМ - Бемории пайдошудаи норасоии масуният (СПИД) фавтида, ки якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари ҷаҳон ҳамасола таҷлил мешавад, дастгирӣ карданд.
Иштирокчиён хотири онҳоеро, ки аз бемории БПНМ ҷони худро аз даст додаанд, пос дошта, вазъи бемории БПНМ дар кишвар ва ҷаҳонро баррасӣ намуда, муҳим будани дастгирии шахсони гирифтори БПНМ-ро қайд намуданд.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид, USAID ва ташкилоти ҷамъиятии «Спин Плюс» бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Пас аз иштирокчиён саргузаштҳои шахсони гирифтори БПНМ-ро шунавиданд.
Дар рӯзнома ҳамчунин презентатсия дар бораи ҳалли инноватсионии ташхиси вируси норасивии масъунияти одам, ВНМО (ВИЧ), саҳнача оид ба пешгирии стигма ва табъиз, саволу ҷавоб оид ба ВНМО ва шеъри шоири ҷавон бахшида ба онҳое, ки аз бемории ВНМО ҷони худро аз даст додаанд, иборат буд.
Иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии СММ Ҷаноби Ленни Монтиел аҳамияти дастгирии шахсони мубталои ВНМО-ро таъкид кард ва афзуд: “Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас дар соҳаи тиб ва беҳдошт, ки ба афроди мубталои ВНМО кумак мекунанд, чолишҳое чун нобаробарии гендерӣ, тамға ва табъиз ҳамчунон монеи мубориза бо БПНМ мешаванд. Аз ин рӯ, чунин чорабинӣ на танҳо барои пос доштани хотираи онҳое, ки бар асари БПНМ ҷони худро аз даст додаанд, балки барои дастгирии минбаъдаи барномаҳои марбут ба ВНМО\БПНМ барои наҷоти одамон низ муҳим мебошад”.
#UNinTajikistan #StopAIDS #CandlelightMemorial
#Tajikistan #DevelopmentCooperation
